МАШҒУЛ ШУДАН БА СЕҲРУ ҶОДУ ВА ФОЛБИНӢ

Қонунгузории маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона шудааст. Яке аз меъёрҳое, ки ба танзими рафторҳои марбут ба машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дахл дорад, моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷавобгарии маъмуриро барои машғул шудан ба фолбинӣ, сеҳру ҷодугарӣ ва дигар амалҳои ба истилоҳ “ғайрианъанавӣ”, ки бо роҳи фиреб ба даст овардани маблағ ё манфиати моддӣ сурат мегиранд, пешбинӣ мекунад.

Шахсоне, ки бо чунин фаъолият машғул мешаванд, метавонанд ба ҷарима ё дигар чораҳои таъсири маъмурӣ дучор гарданд.

Ҳадафи қонун — пешгирии фиреб, ҳимояи шаҳрвандон аз сӯиистифода ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.

Дар ин замина, имрӯз дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби судяҳои суди ноҳия Шоҳусайнзода Х.Ё. ва Иброҳимзода Б.А. дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Р.Г.К., С.Я.Я. ва Ф.М.Н. бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Зимни муҳокимаи судӣ муайян шуд, ки ҳуқуқвайронкунадаҳо Р.Г.К., С.Я.Я. ва Ф.М.Н. дар манзили истиқоматиашон бар ивази маблағи пулӣ ба сеҳру ҷоду машғул шуда, аз боварии мардум истифода бурда, бо ин роҳ фоидаи муфт ба даст меоварданд, ки аз ҷониби суд нисбати ба ҳаряки он ҷазои сазовор татбиқ гардид.

Новобаста аз ин, соли ҷорӣ ҳолатҳои зиёд шудани фаъолияти шахсоне, ки худро “фолбин”, “табиби халқӣ” ё “ҷодугар” муаррифӣ мекунанд, ба мушоҳида мерасад.

Бо дарназардошти чунин ҳолатҳо, қонунгузор ба зарурати муқаррар кардани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ расид.

Мутобиқи моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз пешбинӣ кардааст.

Моддаи 2401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.

Ҷазои пешбининамудаи қонунгузорӣ, ҳамчун воситаи ҳуқуқӣ бар зидди фаъолияти ғайриқонунии фолбинӣ ва ҷодугарӣ хизмат мекунад ва дар ин замина ба таъмини адолат, пешгирии қаллобӣ ва фиреб, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои мардум ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд мусоидат менамояд.