ВОХӮРИИ НАВБАТӢ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРГУЛПЕППА
Санаи 26 феврали соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти Чоргулпеппа вохӯрии навбатӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии кишвар баргузор гардид. Чорабинӣ тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва нақшаи дохилиидоравии Суди ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исмоилзода Зарина, муовини раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ Муминзода Исмоил, судяҳо Зиёзода Ҳокимбек, Шоҳусайнзода Хуршед, Содиқзода Сайёд, инчунин сармуҳаррири рӯзномаи «Насими айём» Алимова Умеда иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини раиси ноҳия Исмоилзода Зарина зимни баромади худ таъкид дошт, ки Паёми Президенти кишвар ҳамчун дастури муҳим ва раҳнамои фаъолияти тамоми қишрҳои ҷомеа арзишманд буда, татбиқи нуктаҳои он заминаи устувори рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мактабу маориф ба ҳисоб меравад.
Муминзода Исмоил зимни шарҳи нуктаҳои муҳими Паём, аз ҷумла ташаббуси Президенти кишвар оиди Қатъномаи СММ марбут ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва аҳаммияти он дар баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ёдовар шуд. Қайд гардид, ки омӯзишу риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар буда, надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Судя Зиёзода Ҳокимбек дар мавриди татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи падару модарон ва хонандагонро ба масъалаҳои пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла зиёдаравӣ ҳангоми адои маросими Ҳаҷ, инчунин масъалаи идгардаки кӯдакон дар рӯзҳои ид, ки метавонад боиси гумшавӣ ва ҳодисаҳои нохуш гардад, ҷалб намуд.
Шоҳусайнзода Хуршед дар баромади худ оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва мардумфиребӣ ибрози назар карда, зарурати боло бурдани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро таъкид намуд, то мардум ба ашхоси фолбину ҷодугар муроҷиат накунанд.
Содиқзода Сайёд бошад, доир ба қонуншиканиҳо миёни ноболиғон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротгаро ва террористӣ суханронӣ кард.
Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос мусоидат менамояд.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 