ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРОИ ДУБОРА ЭҲЁ ШУДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗ
Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти воқеӣ барои эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ фароҳам омад. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим ва таърихӣ мебошад.
Дар солҳои аввали истиқлолият Сарвари давлат бо талошу ташаббусҳои пайгирона тавонист, ки ҷомеаи тоҷикро дар атрофи ғояҳои эҳёи фарҳанги миллӣ муттаҳид намояд. Маҳз дар ҳамин давра Наврӯз ҳамчун ҷашни миллии тоҷикон аз нав эҳё гардида, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Пешвои миллат барои муаррифии Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои муҳим анҷом доданд.
Яке аз қадамҳои муҳим дар ин самт мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура дар соли 2002 буд. Дар ҷараёни ин мулоқот масъалаи муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон, аз ҷумла ҷашни Наврӯз ва мусиқии классикии тоҷикон – Шашмақом, дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Дар натиҷаи чунин талошҳо соли 2009 дар Конфронси байналмилалии Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, ки дар шаҳри Абу-Дабӣ баргузор гардид, Наврӯз ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Ин иқдом аҳамияти байналмилалии ҷашни Наврӯзро бори дигар тасдиқ намуд.
Қадами муҳими дигар дар роҳи ҷаҳонишавии Наврӯз қабули Қарори Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 19 феврали соли 2010 буд. Дар асоси ин қарор, рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Ин қарор бо дастгирии як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Покистон ва дигар давлатҳо қабул карда шуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии Наврӯз чунин таъкид намудаанд:
«Наврӯзи аҷдодии мо дар роҳи ташаккули таърихии худ мушкилию монеаҳои зиёдеро паси сар намуда, ҳамчун суннати воло ва расми деринаи миллӣ тадриҷан ба арзиши умумибашарӣ табдил ёфтааст».
Бо ташаббуси Сарвари давлат дар Тоҷикистон ҳамасола чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ ва байналмилалӣ бахшида ба Наврӯз баргузор мегарданд. Аз ҷумла, соли 2012 шаҳри Душанбе мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз гардид. Дар ин тантана сарони як қатор давлатҳо, аз ҷумла Афғонистон, Эрон ва Покистон, инчунин намояндагони зиёда аз 40 кишвар ва 35 созмони байналмилалӣ иштирок намуданд.
Наврӯз на танҳо ҷашни баҳор, балки рамзи покии ахлоқӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумон мебошад. Аз анъанаҳои нек ва қадимаи ин ҷашн он аст, ки мардум пеш аз фаро расидани он манзили худро тоза мекунанд, боғу кӯчаҳоро обод месозанд ва дилу нияти худро аз кинаву адоват пок менамоянд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз ҳамасола маъракаҳои шинонидани дарахтон, ободонӣ ва бунёди боғҳои нав баргузор мегарданд. Яке аз чунин намунаҳо боғи зебои «Наврӯзгоҳ» дар шаҳри Душанбе мебошад, ки соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.
Имрӯз Наврӯз на танҳо ҷашни миллии тоҷикон, балки яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон ва берун аз он номҳои зиёде бо Наврӯз вобастаанд: кӯчаву хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ, марказҳои истироҳатӣ ва муассисаҳои гуногун ба номи ин ҷашни бостонӣ гузошта шудаанд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё, рушди фарҳангӣ ва муаррифии байналмилалии Наврӯз нақши калидӣ бозидаанд. Бо шарофати ин ташаббусҳо Наврӯз имрӯз ба яке аз рамзҳои муҳими ҳамгироии фарҳангҳо, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун дар бораи Наврӯз суханронӣ намуда, онро на танҳо як ҷашни миллии тоҷикон, балки як падидаи муҳими фарҳангӣ ва умумибашарӣ арзёбӣ намудаанд. Пешвои миллат нақши Наврӯзро дар таҳкими ваҳдат, дӯстӣ ва худшиносии миллӣ махсус таъкид мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо гуфтаанд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни миллии тоҷикон яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ҳувият ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Наврӯз ҷашнест, ки инсонро ба покию нафосат, некию накӯкорӣ, дӯстиву бародарӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ ҳидоят мекунад».
Инчунин, лозим ба ёдоварист, ки ҷашни Наврӯз рамзи эҳёи табиат ва шодии мардум, арзёби гардида, ин ҷашн баёнгари пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои бунёдгузори ин ҷашни бузург дар сатҳи ҷаҳонӣ барои ҳифзи арзишҳои Наврӯз ва густариши он нақши босазо дорад. Наврӯз имрӯз низ, мисли ҳазорсолаҳо пеш, мардумро ба ҳам меорад, ба онҳо шодиву нишот мебахшад ва эҳсоси ҳамдилӣ ва дӯстиро таҳким мебахшад.
Имрӯз Наврӯз на танҳо як ҷашни миллии мардуми форсизабон, балки як падидаи умумибашарӣ шудааст. Он дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон ва баъзе кишварҳои Аврупо бо шукӯҳ таҷлил мегардад.
Ҷашни Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурқиматтарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор ба ҳисоб меравад, ки таърихи он ба ҳазорсолаҳои дур мерасад ва бо тамаддуни бостонии форсҳо алоқаманд аст. Дар сарчашмаҳои қадим, аз ҷумла дар Авесто, Наврӯз ҳамчун рӯзи таҷдиди ҳаёт, оғози соли нави хуршедӣ ва рамзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ ёд мешавад. Ин ҷашн ба рӯзи баробаршавии шабу рӯз дар баҳор рост меояд, ки рамзи мувозинат, адолат ва эҳёи табиат мебошад.
Дар Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун ҷашни давлатӣ эътироф шудааст ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин ҷашн мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шодиву нишот даъват мекунад. Наврӯз на танҳо рамзи эҳёи табиат ва оғози фасли баҳор аст, балки инчунин рамзи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллии мардум ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин сабаб, Наврӯз дар ҳифз ва идомаи фарҳангу арзишҳои миллӣ нақши хеле муҳим мебозад.
МУМИНЗОДА ИСМОИЛ, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 