Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар масоили “Эътироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

Рӯзи 09 апрели соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Эътироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ дар фазои ҷаҳонӣ: мушкилоти ҳифзи ҳуқуқ ва дурнамои рақамикунонӣ” баргузор гардид, ки дар кори он судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳимзода Баҳодур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадафи асосии иштирок дар конфронси мазкур аз баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, омузиши усулҳои муосири татбиқи қонунгузории байналмилалӣ ва таҳкими амалияи судии самаранок, инчунин баррасии масъалаҳои марбут ба рақамикунонии равандҳои судӣ иборат мебошад.

Зикр гардид, ки самти ҷорӣ намудани унсурҳои рақамӣ ба афзалиятҳои рушди ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта метавонад ба пешбурди раванди рақамикунонии ҳокимияти судии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Иштироки судяҳои ҷумҳурӣ дар конфронси мазкур барои татбиқи дурусти қонунгузорӣ дар амалияи баррасии парвандаҳо, инчунин мубодилаи таҷриба бо судҳои минтақа аҳамияти муҳим дорад.

Дар фарҷоми конфронс иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тақвияти мубодилаи таҷриба оид ба масъалаҳои марбут ба мавзуи конфронс изҳор намуданд.