Амалисозии нақша чорабиниҳои кории Суди ноҳияи Рӯдакӣ, ҷиҳати иҷрои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”

Аз ҷониби роҳбарият, кормандони Суди ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷояги бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади иҷрои қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 21 феврали соли 2023 таҳти №96 “Дар бораи таъсис додани гуруҳи машвартӣ оид ба пешгирии экстремизми хушунатомез, офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштагон” суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо оилаҳои осебпазир, ки фарзандони онҳо ба гуруҳу ташкилотҳои экстремистию террористӣ ҷалб гардидаанд, гузаронида шуд.