Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон-Президентӣ мардумӣ ва ҳомии Тоҷикистон

Воқеан, Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст.

Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67 Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани раиси Шурои Оли — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд.

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву бар-ҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти ИМА, ки то имрӯз мардуми он ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ё худ сарвари мамлакати Ҷумҳурии Халқии Хитой Мао Сзе Дун, Туркия Мустафо Камол ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.

Бояд гуфт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар раванди дигаргуниҳои нави ҷомеа  дар Тоҷикистон марҳилаи нав ба миён овард. Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар   замони соҳибистиқлолӣ ин нишонаи муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат мебошад. Президенти кишвар дар заминаи талошҳо баҳри таъмини оромии кишвар, пойдории  сулҳу салоҳ, таҳкими  амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим, пешбурди сиёсати хориҷӣ тавонист ба эътирофи бузурги умумимиллӣ мушарраф гардад.

Ёдовар мешавем, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи ман барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро тавре халқ мегӯяд: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест».

Интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 октябри соли 2020 ба таври демократӣ баргузоргардида, ки дар он бори дигар интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президент аз ҷониби мардуми шарифи кишвар далели он аст, ки шаҳрвандон дар симои ин шахсияти таърихи ояндаи дурахшони худро мебинанд.

Барҳақ, имрӯз нафақат мардуми шарифи Точикистон балки ҷомеаи ҷаҳон дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятеро мебинанд, ки ҳамчун як сиёсатмадорӣ бо андешаву заковат ва донишманд саҳмаш дар рушду пешрафти башарияти ҷаҳонӣ низ хело зиёдаст. Ташаббусхои пайвастаи сарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои об, дастаҷамъона мубориза бурдани башарият бар зидди терроризму ифротигароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҳама муҳим даъвати пайвастаи сартосарии кишварҳои ҷаҳон аз сӯи Роҳбари давлат доир ба хотима бахшидани ҷанги Авғонистон ва таъмини сулҳу суббот дар ин ҳамсоякишварамон далели гуфтаҳои боло мебошад.

Инчунин, бо мақсади ба як кишвари рушдкарда ва меҳвари табдил ёфтани Тоҷикистон дар сатҳи кишвархои минтақа инак чорум ҳадафи стратегӣ саноатикунонии босурати мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуд, ки бо татбиқ ва амалишавии он Тоҷикистон рушди устувории худро дар ояндаи наздик дар тамоми соҳаҳо таъмин месозад.

Аз ин лиҳоз, боварӣ комил дорем, ки тамоми сокинони ҷумҳурӣ, аз он ҷумла,  кормандони мақомоти судӣ таҳти роҳбари ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ ва меҳнатӣ арзандаю софдилонаи худ барои рушди Ватани азизамон ва таъмини волоияти қонун, бахусус таъмини адолати судӣ дар кишвар саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳокимбек ЗИЁЗОДА,

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ