БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Ҳамсола дар кишвари азизамон ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи хизматҳои бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзандони бузурги миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад.

Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое вобаста ба давраи муайяни таърихӣ тавлид меёбанд, ки пойдории давлату миллат, ҳифзи кишвари хеш ва амнияти онро аз манфиатҳои хеш бартару болотар медонанд.

Барои миллати тоҷик асри XX фарзанди қавииродаеро ба арсаи  давлату давлатдорӣ эҳдо кард, ки  саҳифаҳои зиндагии ӯ, кору амали ӯ асрҳо ибратомӯз ва ифтихори миллату кишвари мо хоҳад монд. Муайян гардидани рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон, марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфт.

Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин кардани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо  дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» таҷассум ёфтааст.

Агар ба муҳимтарин тасмимҳои Пешвои муаззами миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ нигарем ба чунин натиҷагирӣ метавон расид, ки онҳо муҳтавои фаъолияти пурсамар ва назарраси ин шахсияти таърихсозу таърихофарро ташкил медиҳанд:

-хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯза;

-тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;

-ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсия, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ;

-иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ(глобалӣ) оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ;

-таъмини рушди устувории ҷомеа ва пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;

-таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат;

-аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;

-таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ;

-саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқтисодиёт;

-таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ;

-сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар ва ғайра.

Гуфтан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои шабонарӯзии хеш дар вазъияти ниҳоят душвор миллату ватани худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дошта, дар таҳким ва пойдории ризоияти миллӣ, бунёди заминаҳои рушду таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши бориз гузоштанд.

Таърихи начандон тӯлонии кишвар собит кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлату давлатдорӣ қавлу иродаи устувор дорад. ӯ суннати пойдории давлати хешро омили худшиносиву созандагӣ таъкид карда, Истиқлоли комили сарзамини хешро бо пайгириҳо ва ғайрати нотакрор таъмин сохт.

Дар ин замина, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва татбиқи амалии адолати иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро он дар рушди фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат қарор дошта, то ба имрӯз барои ташаккули низоми судии кишвар ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, корҳои назаррас ва муҳим ба анҷом расонида шуданд.

Мардуми шарифи Тоҷикистони азиз хуб дарк мекунанд, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбудӣ бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат сафарбар менамоянд.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи ин абармарди тавоно кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода бурда, дар пешрафту тараққиёт ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорем.

Муминзода Исмоил Маҳмадулло,

Муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ