БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ БО УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ» ТАҲТИ УНВОНИ «ПАЁМ, ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ» ДАР МТМУ №18-И ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛОҲУР
Имрӯз, санаи 11 феврали соли 2026 бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, риояи қонунҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон бо иштироки муовини раиси ноҳия Исмоилзода Зарина, муовини раиси суди ноҳия Муминзода Исмоил, судяҳои суди ноҳия Шоҳҳусейнзода Хуршед ва Маҳмудзода Азаматшоҳ, ёрдамчии прокурори ноҳия Илҳомзода Фаридун, мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуҳаётова Ситора, муовини сардори раёсати маориф Қодирзода Баҳриддин, намояндаи раёсати маориф Давлатова Гулбутта ва роҳбарону намояндагони дигар бахшу ташкилотҳо дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ҷамоати деҳоти Лоҳур хониши сиёсӣ бо усули «Мактаб ба мактаб» баргузор гардид.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 