БАРРАСИИ МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР КОЛЛЕҶИ ХУСУСИИ ТИББИИ “НУРИ ТИБ”

Имрӯз тибқи нашқи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Рӯдакӣ ва сохторҳои дахлдори ноҳия бо усули “Факултет ба факултет” гурӯҳи корӣ бо донишҷӯён, омӯзгорон ва маъмурияти Коллеҷи хусусии тиббии “Нури тиб” вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, муовини раёсати маориф Қодирзода Баҳриддин, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Муъминзода Исмоил, сардори раёсати тарбияи ватандӯстии дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Нусратулло, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Маҳмудзода Орзубек иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муҳтавои Паёми Пешвои миллат, масъалаҳои муҳимми рӯз, роҳ надодан ба пӯшидани либоси бегона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, интихоби касб, тарғиби фарҳанги миллӣ, “Шоҳнома”-хонӣ, баланд ба роҳ мондани раванди таҳсил, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ғайра мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия идома доранд.