Ҷиҳати иҷрои банди 7 Нақшаи кории суди ноҳияи Рӯдакӣ барои нимсолаи якуми соли 2023 ва гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо сокинон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ

               Иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Сафарзода Диловар Амиралӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд. “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” “Нақшаи миллии муқовимат ба савдоми одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, Супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Вобаста ба пешгирии вайроншавии оилаҳо ва омилҳои коррупсионӣ” аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас доданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

            Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Мирзозода Файзулло Мирзо оид ба “Нақшаи миллии муқовимат ба савдоми одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон ба равияҳои экстремистию тундгаро, содиршавии кирдорҳои террористӣ, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир баромад намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас доданд.

              Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Турсунзода Шаҳло вобаста ба супориши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии вайроншавии оилаҳо”, ки бекоршавии никоҳ ва пароканда гардидани оилаҳо хусусан дар байни ҷавонон дар давраи аввали зиндагонии якҷояи онҳо ба амал меояд ва аз тарафи дигар пешниҳоди аризаҳои даъвогӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби занон ин, дар сатҳи паст қарор доштани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ қонунҳои амалкунанда дар байни занону духтарон мебошад, баромад карданд.

            Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Ҷалилзода Сайкабир Халил вобаста ба худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва дигар кирдорҳои номатлуб аз ҷониби шаҳрвандон баромад намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух доданд.