ИҶРОИ ҚОНУН МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАРОНРО ЗИЁД НАМУД

Имсол ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму табияи фарзанд” дувоздаҳ сол пур мешавад. Дар ин давом падару модарон ва омӯзгорон  ба зимма доштани масъулияти бештареро ҳис намуданд ва ҳамарӯза кушиши онро мекунанд, ки дар ин самт ба камбуди роҳ надиҳанд. Қабули Қонуни мазкур, ки ба урфу одат хусусиятҳои миллӣ асос ёфтааст, дар самти таълиму тарбияи насли ҷавон тағйироти сифатӣ ба амал овард.

Рушди босуръати муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шароити кунунӣ ҳар як падару модарро водор месозад, ки барои таълиму тарбияи фарзанд масъул бошанд, зеро саҳлангорӣ ва бетарафӣ дар тарбияи фарзанд ба раванди инкишофи минбаъдаи ҷанбаҳои гуногуни ҷомеаи мо монеъ мегарданд.

Тарбияи фарзанд дар руҳияи баланди ватандустӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ пеш аз ҳама аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад.

Агар фарзанд аз овони кудакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳайёти минбаъдаи худ ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад ва дар ҷомеъа мавқеи худро пайдо карда наметавонад.

Бинобар ин тавассути Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои амалкунанда давлат ҳар як падару модар, омӯзгор  ва шахсони ба таълиму тарбияи насли наврас вобасташударо   вазифадор мекунад, ки дар назди ҷамъият масъул бошанд.

Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки ин қонун дар пешгирии ҳуқуқвайронкунии падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд нақши хубе мебозад.

Дар давоми соли 2022 аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба риоя накардани қонуни мазкур нисбати 585 нафар падару модарон  ва  дар се моҳи соли равон нисбати 108 нафар падару модарон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки нисбати ҳар яки онҳо ҷазоҳои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шудааст ва барои минбаъд содир нашудани чунин кирдорҳо ба мақомотҳои дахлдор 157 адад пешниҳодҳо ва таъинотҳои хусусӣ вобаста сабабу омилҳои содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ирсол дода шудаанд.

Ҷиҳати амалисозии “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ 213 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардидаанд.

Имрӯз ба ҳамаи падару модарон ва омӯзгорон лозим аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ насли наврасро тарбия намуда, дар ҷомеа саҳми арзишмандро барои ояндаи миллату давлати худ гузоранд.

 

ФАЙЗУЛЛО  МИРЗОЗОДА

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ