ИЛМ ОМӮЗЕМ ТО ДАР ҶАҲОЛАТ НАМОНЕМ

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама соҳаҳо таҳлилу баррасӣ гашта, баҳри ояндаи насли ояндасоз чандин дастуру супоришот тазаккур дода шуд. Масалан оиди вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ ва русӣ, ки бояд хамаи зинаҳои таҳсилот фарогирӣ ёбанд. Даврони пур аз тараққиёти имрӯза на фақат аз наслҳои наврас, балки аз ҳама донистани забони англисиро тақозо менамояд. Чунки тамоми техникаҳои истеҳсолшуда дар хориҷ кашфу ихтироъ гардидаанд ва хусусан гузариш ба шакли электронии иқтисоди миллӣ моро водор месозад, ки забонҳои хориҷиро ба пуррагӣ омӯзем.
Президента муҳтарами мо бо дарназардошти ин ҷиҳатҳо ҳамин масъалаи умдаи рӯзро дарк карда, панҷсолаи рақамикунониро эълон доштанд ва то соли 2030-юм дар мамлакат ин иқдомот идома ёфта моро боз ба ҷаҳони муосир ҳамқадам мегардонад. Зимни ин ба падару модарон, омӯзгорону аҳли ҷомеа муроҷиат карданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон аҳамият дода, дар ин ҷода масъулиятнок бошанд.
Пешвои миллат мисол оварданд, ки тавассути пешрафти илм давлатҳои мутамаддин ба дастовардҳои бузург комёб гаштаанд, онҳо аз офтоб барқ истеҳсол мекунанд.
«Агар мо хоҳем, ки далвати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд», — ин гуфтаҳои Пешвои миллат бениҳоят мазмуни баланд дорад, дар он манфиати фарзандони мардум ва худи падару модарон таҷассум ёфтааст. Агар фарзандон соҳиби илму ҳунар гарданд волидайн тинчу осуда мешаванд, наслҳои соҳибилму фарҳанг ба қадри Ватан мерасанд ва барои ободии он мекӯшанд.
Пешвои миллат дар ҳамин маврид боз ҳушдорӣ карданд, ки бесаводӣ ҷавонону наврасонро ба кӯи ҷаҳолат кашида онҳоро гирифтори оқибатҳои даҳшатбор мегардонад.
Бале, мисоли ин гуфтаҳо воқеаҳои даҳшатбори солхои 90-уми асри гузашта мебошад. Барои он ки чунин ҳодиса дар рӯзгори мардум дигарбор рух надиҳад ҳар яки мо шаҳрвандон, аҳли ҷомеаро ҳатмист, ки ҳидоятҳои сарвари давлатамонро гӯш дода, баҳри иҷрои он камари ҳиммат бубандем. Паи ободонии Ватани азизамон бошем ва ҳамеша дастовардҳои сулҳу ваҳдат ва ягонагиро ҳифз намоем.
Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмудзода Азаматшо Сафар
Манбаъ – маҷаллаи оммавӣ-фарҳангии “Моҳтоб”