ИШТИРОКИ СУДЯҲО ДАР ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ «БАРОБАРӢ ВА ҲИФЗ АЗ ҲАМА ГУНА ТАБЪИЗ»

Рӯзҳои 1-7 феврали соли 2026 дар осоишгоҳи Сароб барои 40 нафар судяҳои ҷумҳурӣ  тренинги омӯзиши дар мавзуи “Баробарӣ ва ҳифз аз ҳама гуна шаклҳои табъиз” баргузор гардида истодааст.

Чорабинии мазкур бо мақсади амалигардонии бандҳои Нақшаҳои миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи табъизи нажодӣ барои солҳои 2024-2027 ва барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2025-2032 равона гардидааст.

Зимни баргузории тренинг судяҳо оид ба масъалаҳои стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, намудҳои табъиз ва аҳамияти фарқгузорӣ, механизмҳои ҳимоя аз ҳама гуна шаклҳои табъиз ва ғайраҳоро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Дар омӯзиш судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳимзода Б.А. ва Турсунзода Ш. низ иштирок карда истодаанд.