Конститутсия ва суд – пояи адолати иҷтимоӣ ва кафили волоияти қонун
Дар ҳар як давлати ҳуқуқбунёд, қонун ва адолат пояи асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор мераванд. Вақте ки мардум дар зери сояи Конститутсия зиндагӣ мекунанд ва суд ба таври мустақил фаъолият мебарад, адолат пойдор мегардад. Конститутсия ва суд ҳамчун ду сутуни асосии давлатдории ҳуқуқӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва суботи сиёсӣ хизмат мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гардидан, бо қабули Конститутсияи соли 1994 саҳифаи нави давлатдории худро боз намуд. Ин санади олӣ на танҳо рамзи истиқлол ва ягонагии миллӣ, балки кафолати волоияти қонун, баробарӣ ва адолат аст. Суд бошад, ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ барои татбиқи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо хизмат мекунад.
Конститутсия манбаи асосии тамоми низоми ҳуқуқии кишвар мебошад. Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
«Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.»
Ин модда асоси тамоми сохтори сиёсӣ ва ҳуқуқии мамлакатро муайян мекунад. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро эътироф ва кафолат медиҳад.
Аз ин рӯ, тамоми шохаҳои ҳокимият — қонунгузор, иҷроия ва судӣ — вазифадоранд, ки фаъолияти худро мутобиқ ба Конститутсия ба роҳ монанд.
Суд яке аз муҳимтарин шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад. Он барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳалли баҳсҳо ва барқарор кардани адолат таъсис ёфтааст.
Нақши суд дар ҷомеа бениҳоят муҳим аст, зеро маҳз тавассути суд шаҳрванд метавонад ҳуқуқи поймолгардидаи худро барқарор кунад.
Дар давлати ҳуқуқбунёд, волоияти қонун маънои онро дорад, ки ҳамаи шаҳрвандон — новобаста аз мансаб, сарват ё нуфуз — дар назди қонун баробаранд. Судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо бояд аз ҳама гуна таъсир, фишор ва дахолат озод бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки:
«Бе суди мустақил ва одил, наметавон давлати ҳуқуқбунёд сохт».
Конститутсия ва суд ду пояи асосии давлатдории ҳуқуқии Тоҷикистонанд. Конститутсия қонун ва меъёри ҳаёти ҷамъиятиро муайян мекунад, суд бошад кафили татбиқи он мебошад.
Давлате, ки Конститутсияашро эҳтиром мекунад ва суди мустақил дорад, ҳамеша поянда, адолатпеша ва мардумсолор хоҳад буд.
Ҳамагон бояд дар зери сояи қонун зиндагӣ кунанд, то ки сулҳ, ваҳдат ва адолат дар ҷомеаи мо ҳамеша пойдор бимонад.
Ҳалимов Хуршед
нозир-коргузори суди ноҳияи Рӯдакӣ
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 