МО ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлолияти мо чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ кардаанд «Муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодату асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.»
Истиқлолияти давлатӣ, ки заминааш 9-сентябри соли 1991 гузошта шудааст дорои тавсифу ситоиш мебошад. Он дар даврае арзи вуҷуд кард, ки Тоҷикистон дар арсаи харобазори ҷанг, қашшоқиву дармондагӣ ва парешонии миллат қарор ёфта буд. Набудани маҳаки идоракунии ягона дар саросари кишвар, нобудии иқтисодиёт метавонист ҳар лаҳза ба нестшавии миллат боис гардад. Дар таърихи давлатдории ҷаҳон чи қадарҳо давлатҳои мустақиле дар пояи чунин нобасариҳо мустақилияти худро аз даст додаанд кам нестанд.
Аммо хушбахтона халқи тоҷик дар ҳамин даврони мушкил тавонист дар шахсияти роҳбари навинтихоб симои ояндаи худро бинад ва бо умеду боварӣ ба ӯ такя намуд. Чуноне, ки Муҳаммад Иқбол гуфтааст:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Имрӯз мо дар арафаи 30-солагии мустақилияти худ мебинем, ки интихоби онвақтаи халқ то чи андоза саривақтиву зарурати таърихӣ будааст.
Ба саҳнаи корзори сиёсат омадани Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро воқеӣ гардонд. Дар ҳамин радиф давлатҳои абарқудрат ба халқи тоҷик чун миллати дорои тамаддуни ҳазорсолаҳо нигаристанд, бовар карданд ба сулҳу ваҳдати барпошудаи мо. Ин албатта беҳтарин саҳифа дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аст.
Баъди ин музаффарияти истиқлоли дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии мамлакат афзун мешуд. Бузургдошти асосгузори аҳди Сомониён, шаҳри Истаравшану Ҳисори бостонӣ, бузургони миллат аз навидҳои давлатдории мустақили мо буд.
Ҳамарӯза дар ҳаёти мардум беҳбудонӣ ҳис карда мешавад, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тоифаи камбизоату маъюбон, қабули як қатор санаду қонунҳои марбут ба зиндагии шаҳрвандон ва амсоли ин.
Намунаи олитарини Истиқлолият арзёбии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ба шахрвандон беҳтарин ҳуқуқҳои инсониро кафолат додааст.
Мо арҷ мегузорем аз Пешвои миллат, ки моро ба ҳаёти осоиштаву бунёдкорӣ ҳидоят дорад.

Сафарзода Диловар Амиралӣ,
Муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ