МУҲАББАБАТЕ, КИ БА ВАТАН БА МИЛЛАТ ДОРЕМ БОЯД ҚАВӢ БОШАД!

Дар ин рӯзҳои мушкил барои тамоми миллати тоҷик ба ҳар гуна овозаҳои бардуруғу беасоси шабакаҳои берунӣ ва хоинони миллат бовар накунед. Кори ин гуна шахсон иғво андохтан асту бас!
Ҳаминро дониста бошем, ки онҳо фақат ва фақат нооромии кишвари мову Шуморо мехоҳанд. Куркурона гапҳои дурӯғи беасос мегӯянд.
Шумо бо чашми худ дида истодаед, чӣ гуна Ҳукумати кишвар талош карда истодааст, барои пешгирӣ кардани КОВИД-19.
Ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки мову Шуморо танҳо ва танҳо Ҳукумати кишвар ва духтурони бо нангу номуси мамлакат дастгириву ғамхорӣ мекунанд.
Он афроде ки аз дур истода хок ба давлату Ватани азизамон хок мепошад онҳо ягон вақт ба мову Шумо як танга ҳам кумак намекунад. Баракс онҳо бо нияти нопокашон мардуми Тоҷикистонро гумроҳ карда истодаанд. Албатта ки барои ин корҳояшон нону намак, шири Модар хоки поки Ватан курашон мекунад ва аллакай кардааст, ки фақат бадии миллатро мехоҳанд.
Мову Шумо танҳо якҷоя ҷавобан ба ғамхориҳои давлатамон кушиш кунем, то ба ин вабои ба хонаи мо омада ғолиб шавем.