НАВРӮЗ ҲАМЧУН ПАДИДАИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДӢ

Дар муддати дарози таърихӣ Наврӯз- ҷашни бузурги аҷдодиамон дар радифи халқу миллатҳои ориёинажод, бахусус тоҷикон борҳо ба муқобилиятҳои мазҳабию аҷнабиёну бадхоҳон рӯ ба рӯ шуда, гирдобу ҳаводис ва таззодҳои мухталифи давру замонҳоро паси сар намуда, расман ба ҷашни байналмиллалӣ мубаддал гардид.

Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он шаҳодат дода, далели эътирофи тамаддуни ориёинажодон, аз ҷумла тоҷикон мебошад.
Наврӯз сари сол, баробарии шабу рӯз, иди соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни кишту кор аст, ки аз қадим дар байни мардуми Машриқзамин таҷлил карда мешавад. Наврӯз айёмест, ки таъсири хуршеди ҳаётбахш меафзояд, баҳор ҷои зимистонро мегирад ва табиати хобида бедор мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27-уми марти соли 2010 зимни нахустин таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри Теҳрон изҳор намуданд:
“Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст”.

Воқеан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас дар раванди ба даст овардани мақоми ҳуқуқи байналмилалии ҷашни Наврӯз гузоштааст, ки ин нишондиҳандаи талошҳояшон барои таблиғи арзишҳои фарҳангии мардуми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ба шарофати ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории як қатор кишварҳо, бо қарори Созмони Милали Муттаҳид аз 23 феврали соли 2010 ҳамчун Рӯзи Байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Тоҷикистон ҳамроҳ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва дигар кишварҳое, ки ин ҷашн дар онҳо решаҳои амиқ дорад, дар пешниҳоди ин ғоя нақши бориз гузоштаанд.

Наврӯз – ҷашни қадимии баробаршавии шабу рӯз аст, ки аз ҷониби миллионҳо нафар дар Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Қафқоз ва дигар минтақаҳо таҷлил мешавад. Эътирофи ҳуқуқи байналмилалии он дар қарори Маҷмаи Умумии СММ A/RES/64/253 соли 2010 ва қарорҳои ЮНЕСКО солҳои 2009 ва 2016 мустаҳкам шудааст.

Қарори A/RES/64/253, ки 23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии СММ қабул шуд, Наврӯзро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон кард. Дар муқаддимаи он эътироф ва муқаррар гардид, ки “Наврӯз, ҳамчун ҷашни фарорасии баҳор, аз ҷониби беш аз 300 миллион нафар дар тӯли зиёда аз 3000 сол дар Осиёи Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, ҳавзаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан таҷлил мешавад». Зикри 300 миллион нафар ва 3000 сол фарогирӣ ва аҳамияти таърихии Наврӯзро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон то Ҷумҳурии Албания таъкид мекунад. Ин муқаррарот Наврӯзро ҳамчун қисми мероси ҷаҳонӣ аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ ба расмият даровард ва замина барои ташаббусҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ғайра фароҳам меорад. Ин Қарор дар асоси Конвенсияи ЮНЕСКО дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ (17 октябри соли 2003) қабул шудааст. Истинод ба Конвенсияи соли 2003 қарорро заминаи ҳуқуқии байналмилалӣ бахшида, аҳамияти Наврӯзро ҳамчун мероси ғайримоддӣ ва таҳкими робитаҳо миёни мардумон бар асоси эҳтироми мутақобила ва идеалҳои сулҳу ҳамсоягии нек мустаҳкам менамояд. Чунки таъкид ба сулҳ ва ҳамсоягӣ Наврӯзро бо ҳадафҳои СММ (Оиннома, моддаи 1) мутобиқ мекунад, ҷашнро воситаи дипломатия ва маориф дар бораи шаҳрвандии ҷаҳонӣ мубадал мегардонад, инчунин саҳми он дар гуногунрангии фарҳангӣ ва дӯстӣ миёни мардумон ва ҷомеаҳои гуногун эътироф карда мешавад.
Маҷмаи Умумӣ 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд ва Наврӯзро бо давраи табиӣ ҳамоҳанг сохта, ба он хусусияти умумиҷаҳонӣ бахшид. Ин муқаррароти калидӣ кишварҳоро ба дохил кардани Наврӯз ба тақвимҳо ва чорабиниҳои давлатӣ ҳавасманд намуд. Аз кишварҳои узв, созмонҳои низоми Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин созмонҳои ғайриҳукуматӣ даъват карда шуд, ки Рӯзи байналмилалии Наврӯзро ба таври дахлдор таҷлил намоянд. Ба монади фестивалҳо, намоишҳои ҳунарҳои дастӣ ва ҳамоишҳои илмӣ ва ғайра. Ба кишварҳои узв, созмонҳои низоми Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии мувофиқ, инчунин созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва шахсони воқеӣ пешниҳод намуд, ки маърифати аҳолиро дар бораи Рӯзи байналмилалии Наврӯз баланд бардоранд ва чорабиниҳои солона барои гиромидошти ин рӯз ташкил кунанд.
Даъват ба маърифатнокии аҳолӣ ва чорабиниҳои солона ба мустаҳкам кардани Наврӯз дар муддати тӯлонӣ нигаронида шудааст. Ин Қарор аз ҷониби 11 кишвар пешниҳод шудааст: Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон.

Лоиҳаи Қарор моҳи декабри соли 2009 пешниҳод шуд ва 23 феврали соли 2010 бо ризоияти умумӣ пас аз баҳсҳо дар Кумитаи сеюм (бо 80 ҳаммуаллифон) қабул гардид. Ин Қарор хусусияти тавсиявӣ дорад (Оинномаи СММ, моддаи 10), аммо ризоияти 192 узви СММ эътибори баланди ҳуқуқии ин Қарорро ифода менамояд. Масалан дар заминаи ин Қарор Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 Форуми Душанбе бо иштироки раҳбарони Эрон, Афғонистон ва Покистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 2015 Консерт дар СММ бо иштироки ҳунармандони ӯзбек ва эронӣ, Канада соли 2021 Фестивал дар Торонто бо «Ҳафт син» баргузор намуданд.

Ташаббуси мазкур барои баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, маориф шароити мусоид фароҳам овард. Масалан дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор намудани Фестивали «Наврӯз: баҳори Форс» дар Фаронса соли 2019, чорабинии “Наврӯз рамзи муколамаи фарҳангии ҷаҳонӣ” соли 2020 дар Австралия, сафарҳои «Наврӯз дар Форс» соли 2021 дар Олмон ва ғайра.

Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.

Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.

Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.

Хулоса, Наврӯз ҳамчун падидаи нодири фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ, на танҳо таҷассумгари таъриху анъанаҳои миллӣ, балки омили муҳими рушди муносибатҳои байналмилалӣ, таҳкими сулҳ ва густариши муколамаи тамаддунҳо мебошад. Эътирофи байналмилалии он нишон медиҳад, ки арзишҳои фарҳангии миллӣ метавонанд дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мақоми баланд касб намуда, ба манфиати тамоми башарият хизмат намоянд.

ИСКАНДАРЗОДА БАХТИЁР, раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ