ОМӮЗИШИ ИСТИФОДАИ НИЗОМИ ЯГОНАИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ

Имрӯз, дар бинои суд аз ҷониби кормандони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ” бо иштироки судяҳо баргузор гардид. Зимни омӯзиш кормандони Агентӣ роҷеъ ба мавзуи мазкур ба таври ҳаматарафа ва возеҳу равшан баромад намуда, мазмуну мундариҷаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025, №355 “Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба самъи иштирокдорон расониданд. Аз ҷумла, дарҷ гардид, ки гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ на танҳо як тамоюли муосир, балки зарурати муносибгардонии фаъолият, баланд бардоштани шаффофият, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва кам кардани хароҷот мебошад.