ПАЙҒОМИ РУШДИ КИШВАР

 

Баъди 33 соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор бо қадамҳои бузург ба сӯйи музаффариятҳои нав ба нав пеш рафта истодааст. Натиҷаи ҳамин пешравиҳо ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст, ки сол то сол сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ беҳтар гардида, нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ баланд мешавад.

Нишондод, натиҷа ва пайғоми рушди кишварро мо ҳамасола дар Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чун анъана дар рӯзҳои охири соли тақвимӣ ба Маҷлиси Олӣ ва халқи Тоҷикистон ироа менамоянд, ба хубӣ мушоҳида мекунем.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, фарогири масъалаҳои гуногун буда, дар умум, ҳамаи онҳо барои пешрафти давлат ва кишварамон бениҳоят муҳим ба шумор мераванд. Дар Паёми имсола натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2024 мавриди таҳлилу хулосабарорӣ қарор гирифта, нишондодҳои бадастомада бо омори солҳои пеш муқоиса гардиданд.

Яке аз нишондодҳои асосӣ, ки пешрафти давлат аз он вобастагии калон дорад, рушди иқтисодӣ миллӣ мебошад. Иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи сиёсатгузориҳои хирадмандонаи Пешвои миллат ва заҳмату талошҳои халқи сарбаланди тоҷик ҳамасола устуворона рушд намуда истодааст. Чи тавре ки дар Паём зикр шуд, соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Бояд дар хотир дошт, ки ба ҳадди 8,4 фоиз расонидани нишондоди рушди иқтисоди миллӣ дастоварди бузург ба шумор меравад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин нишондод ҳатто дар аксарият кишварҳои пешрафтаи дунё ба чашм намерасад. Дар баробари ин, даҳҳо мисолҳои дигар низ овардан мумкин аст, ки ҳама аз пешравии соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шаҳодат медиҳанд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар замони имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванд ва узви ҷомеа аз саҳмгузорӣ дар рушду тавсеаи кишвар иборат мебошад. Пешрафти давлат ва қудрати кишвар аз фаъолияти ҳар яки мо сарчашма мегирад. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошатанд: “Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем”.

Дар умум, тамоми тадбирҳои амалишуда дар соли 2024 нишон медиҳад, ки мардуми шарафманди тоҷик бо пуштибонии тамом аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол қуллаҳои нав ба нави рушду инкишофро фатҳ карда истодаанд.

Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҳоҷагии халқи кишвар дар се соли охир нишон медиҳанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шоҳроҳи тараққиёти бебозгашт қарор гирифтааст. Дар ин росто, аз мо иттиҳоду ҳамбастагии бештаре ҳамчун шарти асосии таъмини пешрафт ва расидан ба ҳадафҳои волои миллӣ тақозо мешавад. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.

Вазъи ҷаҳони муосир ва ҳодисаҳои фоҷиабори як қатор кишварҳои олам моро ҳушдор медиҳанд, ки дар арҷгузорӣ ба неъматҳои фаровони истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи комил ғофил набошем. Зеро маҳз ҳамин ваҳдати комил ва шинохти дурусту дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои маҳбуби кишвар аст, ки мо ҳар рӯз шоҳиди рӯйдодҳои нав ба нави фараҳбахш мешавем.

Мо ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва қудрати сиёсии давлат, рушди иқтисоди миллӣ, тавсеаи тамоми самту соҳаҳои муҳим, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва баланд рафтани обрӯву нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ эътимоди комил дорем.

ШАЪМИГУЛ САЙВАЛИ,

Муовини якуми Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ