ПОЯГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН

Таърихи тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Ҳамсола дар кишвари азизамон ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи хизматҳои бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки  ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзандони бузурги миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад. Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое вобаста ба давраи муайяни таърихӣ тавлид меёбанд, ки пойдории давлату миллат, ҳифзи кишвари хеш ва амнияти онро аз манфиатҳои хеш бартару болотар медонанд.

Барои миллати тоҷик асри XX фарзанди қавииродаеро ба арсаи  давлату давлатдорӣ эҳдо кард, ки  саҳифаҳои зиндагии ӯ, кору амали ӯ асрҳо ибратомӯз ва ифтихори миллату кишвари мо хоҳад монд. Муайян гардидани рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон, марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфт.

Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин кардани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо  дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» таҷассум ёфтааст.

Агар ба муҳимтарин тасмимҳои Пешвои муаззами миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ нигарем ба чунин натиҷагирӣ метавон расид, ки онҳо муҳтавои фаъолияти пурсамар ва назарраси ин шахсияти таърихсозу таърихофарро ташкил медиҳанд:

-хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯза;

         -тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;

         -ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсия, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ;

         -иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ(глобалӣ) оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ;

         -таъмини рушди устувории ҷомеа ва пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;

         -таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат;

         -аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;

         -таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ;

         -саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқтисодиёт;

         -таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ;

         -сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар ва ғайра.

Гуфтан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои шабонарӯзии хеш дар вазъияти ниҳоят душвор миллату ватани худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дошта, дар таҳким ва пойдории ризоияти миллӣ, бунёди заминаҳои рушду таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши бориз гузоштанд.

Таърихи начандон тӯлонии кишвар собит кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлату давлатдорӣ қавлу иродаи устувор дорад. ӯ суннати пойдории давлати хешро омили худшиносиву созандагӣ таъкид карда, Истиқлоли комили сарзамини хешро бо пайгириҳо ва ғайрати нотакрор таъмин сохт.

Мардуми шарифи Тоҷикистони азиз хуб дарк мекунанд, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбудӣ бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат сафарбар менамоянд.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи ин абармарди тавоно кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода бурда, дар пешрафту тараққиёт ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорем.

             Ҳотам НАЗАР

             Раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Таърих гувоҳ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ дар як вазъияти мураккаби таърихӣ қарор гирифта, ҳар лаҳза нестшавӣ онро таҳдид мекард. Бо қувваи таъсиррасонии доираҳои хориҷӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ болои миллати тоҷик бор гардида, амалҳои гуногун дар кишвар зуд-зуд ба вуқӯъ пайваста, сабаби ноустувории пояҳои давлатдорӣ гардида буд.

Ба қавли шоҳидони ҷанги шаҳрвандӣ дар ин марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ миллати тоҷик аз ду роҳ бояд як роҳро интихоб мекард. ҳамчун миллати воҳид сарҷамъ гардида, давлатдории худро пеш мебурд ва ёомили нест шудан аз харитаи ҷаҳон мегардид. Хушбахтона, бо боло гардидани ақли солим ва ташаккули бедории миллӣ, халқи тоҷик ба пуррагӣ дарк намуд, ки ягона роҳи таъмини оромию осудагӣ ва боқӣ мондан дар харитаи ҷаҳонӣ, ин танҳо дар сарҷамъию муттаҳидии мардуми кишвар аст.

Новобаста аз ин, дар шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он набардҳои мусаллаҳона аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша идома ёфта, имкони сарҷамъии вакилони мардумӣ ва дигар равшанфикрон дар пойтахти мамлакат вуҷуд надошт. Дар ин лаҳзаҳои барои кишвар душвор, барои аз байн нарафтани давлат бояд Иҷлосия Шӯрои Олӣ баргузор мегардид. Аммо гурӯҳҳои яроқбадаст монеаи баргузории Иҷлосия буданд, ҳамзамон чанде аз намояндагони халқро асир???? Гирифтанд.

Ба ин хотир, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд.

Бояд гуфт, ки баргузории Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии мамлакат муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлоли кишвар мебошад. Зеро аз ҷониби вакилони мардумӣ, Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва заминаҳои рушд дар кишвар ба миён гузошта шуд.

Роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз карда, бо ёд намудани савганди ватандорӣ, ҷонибҳоро ба ҳам овард. Роҳбари тозаинтихоб барои хотима бахшидани ҷанги бародаркуш ва сарҷамъ кардани мардуми парешонгашта, фазои қонунгузориро ба миён гузошта,  муайян намудани низоми давлатдорӣ, қабули қонуни асосӣ ва рамзҳои давлатиро яке аз вазифаҳои асосӣ барои  иштирокдорони Иҷлосияи Шӯрои Олии кишвар арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки : «Ман ҷонибдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам».

Маврид ба зикр аст, ки пешниҳоди Раиси Шӯрои Олии тозаинтихоб аз ҷониби вакилони мардумӣ пазируфта шуда, дар Иҷлосияи мазкур раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои ё Девони ??вазирон ва аъзоёни ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. дар маҷмуъ, Иҷлосияи таърихӣ 74 қонун, қарор ва фармонҳоро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар заминаи талошу заҳматҳои абармарди миллат ва фидокориҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 32-соли соҳибистиқлолӣ, имрӯз ваҳдати миллӣ  дар кишвар таъмин гардида, дар фазои сулҳу суботу амният қадамҳои устувор дар роҳи пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз гузошта мешавад.

Кишвари мо имрӯз дар сиёсати хориҷиии худ ва интихоби «Сиёсати дарҳои кушода» ҳамчун кишвари ташаббускор доир ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ оид ба об ва дастрасӣ пайдо кардани сокинони сайёра ба он, тағйирёбии иқлим ва пеш аз ҳама дар самти мубориза бо экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ пазируфта шуда, кишвари пешқадам ба ҳисоб меравад.

Бо гузашти солҳо, аз баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва Иҷлосияи таърихӣ мебинем, ки мардуми шарифи кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имконияту иқтидорҳои истифодашаванда қадамҳои устуворро баҳри пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз гузошта, раванди бунёдкориро эҳё намуда, сохтмонҳои азими аср ба монанди бунёди нерӯгоҳҳо, ба истифода додани хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, бунёди роҳҳои мошингард, сохтмони нақбҳо, барқарор кардани пулҳо, бунёди муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҷараён дошта, додани заминҳои президентӣ ба аҳолӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, тавлиди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, содироти маҳсулотҳои ватанӣ ба кишварҳои дуру наздик гувоҳи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар роҳи рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аст.