ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Имрӯз дар суди ноҳияи Рӯдакӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардида, дар он судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ширкат варзиданд.

Дар оғоз Муовини якуми раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Нурулозода Ш.С. табрикоти Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. вобаста ба ҷашни байналмилалии Наврӯз расонда, дар баробар ин, ҳама кормандони суди ноҳияи Рӯдакиро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба ҳаряки онҳо саломатӣ, хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.

Қайд гардид, ки Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ ба гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедориро ато менамояд.

Дар идома, Муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Муминзода И.М. доир ба ҷашни Наврӯз чунин иброз намуданд, ки Наврӯз бешак яке аз маросимҳои писандидаи тоҷикон аст, ки бо сифатҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шуда, он аз замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед маншаъ гирифта, бо расму оинҳои худ, аз қабили ҳафтшину ҳафтсин оростани дастархони идона, суманакпазиҳои занону духтарон, рақсу суруди гирди оташи фурӯзон, сурудҳои фалаку шашмақом, ҷуфтронии деҳқонон, гӯштингириву аспдавонии паҳлавононӣ то ба замон омада расидааст.

Дар робита ба ҷашни байналмилалии Наврӯз судяҳо Иброҳимзода Б.А., Содиқзода С., Шоҳусайнзода Х.Ё. ва Раҳмонзода А.У. баромад намуда, орзуву ниятҳои некро ба истиқболи соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз, ки бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб меравад, ибрози ақида намуданд.

Дар фарҷом, Муовини якуми раис Нурулозода Ш.С. бори дигар аз номи роҳбарият ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба ҳама кормандони суди ноҳияи Рӯдакӣ муборакбод гуфта, ба онҳо бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадон ва сулҳу оромиро орзу намуданд.