ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Рӯзи 23 феврали соли 2024 ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид, ки дар ин санаи муборак дар Маркази ноҳияи Рӯдакӣ як қатор чорабиниҳо баргузор шуд. Аз ҷумла Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар якҷоя бо Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Раҷабзода Ҳотам Назар ва дигар сохторҳои қудратӣ дар Боғи марказии ноҳия бар пояи муаҷассамаи қаҳрамони халқии тоҷик Спитамен гулчамбар гузоштаанд.