ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР

       Имрӯз дар бинои суди ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба муносибати иди 8-уми март-Рӯзи модар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он:

       Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Раҷабзода Ҳотам Назар ҳамаи бонувон-судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Рӯдакиро аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим намуданд.

Дар баробари ин, ба се нафар кормандони дастгоҳи суд мутахассиси пешбар-тарҷумон Маҳмудзода У.З., нозир-коргузор Негматова М.А. ва мутахассис Элмуродова С.Х. барои ноил гардидан ба комёбиҳо баҳри таъмини адолати судӣ ва фаъолияти бардавому бенуқсон бахшида ба Рӯзи Модар бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Эҳтироми зан, шинохту қадр ва манзалати модар қарз ва рисолати ҳар фарди худогоҳ буда, мо дар сурате онро адо карда метавонем, ки ба қадри заҳмату ранҷ, шири ҷонбахши модар, меҳру самимият ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату ҳаётофари худ арҷи шоиста гузошта тавонем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми зан-модар фармудаанд: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан — модар — сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво мебошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.»

Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гузашта аз ин, зан-модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.