ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи судии суди ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Нурулозода Ш.С., муовин, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Нурулозода Ш.С. дар баромади худ қайд намуданд, ки забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.

Мо бояд ба фарҳанги суханварӣ ва тарзи баёни хоси ин забони ширин пайваста диққат диҳем, забони равону шевои тоҷикиро эмин нигоҳ дошта, дар давраи истиқлолият ҷиҳати таблиғу ташвиқи забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани сатҳи сухандонӣ корҳои назаррасро анҷом диҳем.

Зеро забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад.

Инчунин, дар маҷлиси тантанавӣ муовини раиси суд Муминзода И.М. дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда қайд намуд, ки Қонуни мазкур истифодаи забони давлатиро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Забони коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии мамлакат низ забони давлатӣ муайян шуда, дар мамлкат санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромада, имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад, ки боиси ифтихори ҳар як фарди миллат мебошад.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои ғаниву сарватманди ҷаҳон буда, қудрати ифода кардани кулли мафҳумҳоро дорад.

Забони тоҷикӣ аз даврони қадим на танҳо забони фарҳангу адаб, балки забони илм, аз ҷумла илмҳои дақиқу табиӣ низ ба шумор мерафту меравад.

Аз ин лиҳоз, эҳтирому қадр кардани забони модарӣ аз риояи меъёрҳои забони адабӣ ва одоби муошират вобастагии зич дорад.

Ҳастии забон гарави ҳастии миллат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, замонати бақои фарҳангу тамаддуни он мебошад, зеро кулли ганҷинаи илмиву адабӣ ва фарҳангии миллат, пеш аз ҳама, ба василаи забон ҳифз мегардад.

Дар фарҷоми чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Нурулозода Ш.С. ҳама судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро ба Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо пирӯзиву саодатмандӣ ва дар роҳи ҳифзу рушди забони ширину шевои модарӣ комёбиҳо орзу намуданд.