ТАҶЛИЛИ ТАНТАНАВИИ РӮЗИ МОДАРОН

Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Модарон” баргузор гардид, ки дар он бонувони намояндагони сохторҳои давлатӣ, занону модарони фаъоли ноҳия аз ҷумла Муовини якуми Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Нурулозода Шаъмигул Сайвалӣ ва Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Турсунзода Шаҳло ширкат варзиданд.

Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои табиат баҳор ин айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат фаро расидани рӯзи Модарон басо рамзист, зеро ҳамон гуна ки Модар фидокор аст, баҳор низ фасли бедоршавии табиат, шукуфтанҳо ва созандагиҳост.

Имрӯзҳо бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурӯстӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ кору фаъолият доранд.

Ҳукумати мамлакат занону бонувонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва ин қишри ҷомеаро месазад, ки дар татбиқи ҳадафҳои созанда ва неки ҷамъият, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги хеш саҳмгузор бошанд.

Дар парҷоми чорабинӣ ба як қатор занону модарони фаъол, занони собиқадор барои саҳми арзанда дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид.