Табрикоти Раиси cуди ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо арзи эҳтиром ва самимияти бепоён тамоми мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба Шумо дар рисолати басо муҳимми ҳифзи марзу буми Ватан матонату ҷасорат, азму иродат, солимию тандурустиро орзу менамоям.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи душвори сиёсии кишвар таъсис ёфта, бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфамондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва сохти конститутсионии кишвар ва ҳимояи марзу буми Ватан сазовор гузошт.

Мо ифтихор аз он дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарину дурахшонтарин дастоварди миллӣ баҳри пойдорӣ ва амнияту суботи халқи азизамон бо қадамҳои устувор хизмат карда истодааст.

Бигзор бо неру ва тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот ва ваҳдату дӯстии мардуми Тоҷикистон ҷовидон ва нурҳои сулҳу ваҳдат доимо болои мардуми тоҷик ҷилвагар бошад.

Дар ин лаҳзаҳои хотиромон Шуморо бори дигар ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, умри дарозу пурбаракат, ба хонадонатон файзу баракат, хушбахтиву иқболи нек, оромиву осоиш ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

    Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ

   Полковники адлия ҲОТАМ НАЗАР