ТАЪИНОТ оид ба ошкоро супоридани даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда

ТАЪИНОТ

оид ба ошкоро супоридани даъватномаи

судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда

 

29 августи соли 2025                                                                                                                                                     ноҳияи Рӯдакї

 

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳимзода Б.А., парвандаи оилавї бо даъвои Мирзозода Руқия Фатҳидин нисбати Асроров Нурмуҳаммад Садуллоевич дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва рӯёнидани алимент бо тариқи устувор барои таъминоти фарзандро баррасӣ намуда,-

МУАЙЯН КАРД:

Мирзозода Р.Ф. дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва рӯёнидани алимент бо тариқи устувор барои таъминоти фарзанд бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуда, аз суд ќонеъ намудани онро пурсидааст.

Бо мақсади ба ҷавобгар Асроров Н.С. супоридани даъватномаи судӣ ба суроғаи ӯ даъватномаи судӣ фиристонида шуда, муайян гардидааст, ки номбурда дар суроғаи дар аризаи даъвогӣ дарҷшуда, истиқомат намекунад ва маҳалли истиқоматии охирон номаълум аст.

Мувофиқи талаботи қисми 1 модлаи 121 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллии ҷойи охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷойи кори охирини маълуми ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.

Ҳолатҳои зикршударо судя ба инобат гирифта, ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашударо ба ҷавобгар Асроров Н.С. мувофиқи мақсад донист.

Бо дастрасии моддаҳои 121, 229 ва 230 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя,-

ТАЪИН КАРД:

Доир ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Мирзозода Руқия Фатҳидин дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва рӯёнидани алимент бо тариқи устувор барои таъминоти фарзанд, супоридани хабарнома ё даъвати судӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашуда ба ҷавобгар Асроров Н.С., ошкоро эълон карда шавад.

Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ насб карда шавад.

Хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда, пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шудани таъинот дар ҳолати ҳозир нашудан ба суд хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда, ба ҷавобгар Асроров Н.С. ошкоро супоридашуда эътироф карда шавад.

Баъд аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷойи эълонҳои судӣ насб карда шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома, даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда парвандаи оилавӣ дар ғоибии ҷавобгар Асроров Н.С. баррасӣ карда шавад.

Баррасии парвандаи оилавӣ мавқуф гузошта шавад.

Судяи суди

ноҳияи Рӯдакӣ                                              имзо                                    Иброҳимзода Б.А.