ТАЪИНОТ оид ба ошкоро супоридани даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда

ТАЪИНОТ

 

22 сентябри соли 2025                                                                                     ноҳияи Рӯдакї

 

Муовини Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Муминзода И.М., парвандаи оилавї бо даъвои Муродмамадова Меҳрангез Иқболхоновна бо ҷавобгарии Қурбоналиев Назаршо Сайналиевич дар бораи бекор кардани ақди никоҳро баррасӣ намуда,-

 

МУАЙЯН КАРД:

Муродмамадова М.И. дар бораи бекор кардани акди никоҳ бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуда, аз суд ќонеъ намудани онро пурсидааст.

Даъватномаи судӣ ба суроғаи ҷавобгар Қурбоналиев Н.С. ирсол карда шуда, ҷавобгар ба суд даъват гардидааст. Аммо ҷавобгар бо сабабҳои номаълум ба суд ҳозир нашудааст.

Аз тарафи суд барои муќаррар кардани ҷойи зисти ҷавобгар Қурбоналиев Н.С. чораҳо андешида шуда, бинобар дарёфт накардани ӯ дар маҳалли истиқоматаш баррасии парванда таъмин карда нашудааст.

Мувофиқи талаботи қисми 1 модлаи 121 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллии ҷойи охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷойи кори охирини маълуми ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.

Суд бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида ба хулоса омад, ки бинобар номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар Қурбоналиев Н.С. оид ба ошкоро супоридани хабарнома, даъвати судӣ ва инчунин ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда, таъинот қабул намояд.

Бо дастрасии моддаҳои 121, 229 ва 230 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя,-

ТАЪИН КАРД:

Аз рӯи парвандаи оилавї бо даъвои Муродмамадова Меҳрангез Иқболхоновна бо ҷавобгарии Қурбоналиев Назаршо Сайналиевич дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, супоридани хабарнома, даъвати судӣ ва инчунин аризаи даъвогӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашуда, ба ҷавобгар Қурбоналиев Назаршо Сайналиевич, ошкоро эълон карда шавад.

Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ насб карда шавад.

Бо гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шудани таъинот ошкоро супоридани хабарнома ва даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда дар ҳолати ба суд ҳозир нашудани ҷавобгар ба ҷавобгар Қурбоналиев Назаршо Сайналиевич, ошкоро супоридашуда эътироф карда шавад.

Баъд аз гузаштани як моҳ аз аз рӯзи дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома ва ё даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда ба ҷавобгар Қурбоналиев Назаршо Сайналиевич ва дар сурати ҳозир нашудани ҷавобгар парвандаи оилавӣ дар ғоибии ӯ баррасӣ карда шавад.

Баррасии парвандаи оилавии мазкур ба муддати як моҳ мавқуф гузошта шавад.

 

Муовини Раиси суди

ноҳияи Рӯдакӣ                                               имзо                                Муминзода И.М.