ТАЪИНОТ оид ба ошкоро супоридани даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда
ТАЪИНОТ
24 сентябри соли 2025 ноҳияи Рӯдакї
Муовини Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Муминзода И.М., парвандаи оилавї бо даъвои Саидзода Гулнигор Раҷабали бо ҷавобгарии Саймуқим Муҳаббатзода дар бораи тағйир додани андозаи алиментро баррасӣ намуда,-
МУАЙЯН КАРД:
Саидзода Г.Р. дар бораи тағйир додани андозаи алимент бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуда, аз суд ќонеъ намудани онро пурсидааст.
Бо мақсади ба ҷавобгар Саймуқим М. супоридани даъватномаи судӣ ба суроғаи ӯ ҳозир шуда, муайян гардидааст, ки номбурда айни ҳол дар суроғаи номаълум қарор дорад ва аз тарафи суд барои муќаррар кардани ҷойи зисти ҷавобгар Саймуқим М. чораҳо андешида шуда, бинобар дарёфт накардани ӯ дар маҳалли истиқоматаш ва маълум шудааст, ки охирон дар суроғаи дар аризаи даъвогӣ дарҷшуда қарор надорад.
Мувофиқи талаботи қисми 1 модлаи 121 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллии ҷойи охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷойи кори охирини маълуми ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.
Ҳолатҳои зикршударо судя ба инобат гирифта, ошкоро супоридани хабарнома, даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашударо ба ҷавобгар Саймуқим М. мувофиқи мақсад донист.
Бо дастрасии моддаҳои 121, 229 ва 230 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя,-
ТАЪИН КАРД:
Бо парвандаи оилавї бо даъвои Саидзода Гулнигор Раҷабали бо ҷавобгарии Саймуқим Муҳаббатзода дар бораи тағйир додани андозаи алимент, супоридани хабарнома, даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда, ба ҷавобгар Саймуқим Муҳаббатзода, ошкоро эълон карда шавад.
Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ насб карда шавад.
Хабарнома ва даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда, пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда нусхаи таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома ва даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда, ба ҷавобгар Саймуқим Муҳаббатзода, ошкоро супоридашуда эътироф карда шавад.
Баъд аз гузаштани як моҳ аз аз рӯзи дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома ва ё даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда, парвандаи оилавӣ дар ғоибии ҷавобгар Саймуқим Муҳаббатзода баррасӣ карда шавад.
Баррасии парвандаи оилавии мазкур ба муддати як моҳ мавқуф гузошта шавад.
Муовини Раиси суди
ноҳияи Рӯдакӣ имзо Муминзода И.М.
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 