ТАЪИНОТИ ХУСУСИИ МАҶЛИСИ СУДӢ Вобаста ба риояи кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Парвандаи оилавӣ №4-573/23

          ТАЪИНОТИ  ХУСУСИИ  МАҶЛИСИ  СУДӢ 

           Суди ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳайати раисикунанда Сафарзода Д.А., бо  котибии Муминзода Ҳ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Рӯдакӣ санаи 30 марти соли 2023 парвандаи оилавӣ бо даъвои Ҷумаева Завқина Ачиловна бо ҷавобгарии Шероромов Фирдавс Асатуллоевич дар бораи бекор кардани ақди никоҳро барраси намуда, суд,-                                                       

М У А Й Я Н  К А Р Д:

Ҷумаева З.А. ба суд бо аризаи даъвогии дар боло зикргардида муроҷиат кардааст. Аз муҳтавои аризаи даъвоги бармеояд, ки ӯ бо ҷавобгар Шероромов Ф. санаи 02 июли соли 2020 оила барпо намуда, ақди никоҳашонро дар Ҷамоати деҳоти «Россия»-и ноҳияи Рӯдакӣ таҳти №141 расман ба қайд гирифтаанд ва аз зиндагонии оилавиашон соҳиби як нафар фарзанд бо ному насаби Ҷумаев Абдулло Ачилович, 28 майи 2021 соли таваллудаш гардидаанд.

Муносибати оилавиашон аз аввал хуб буда, баъдан рафторҳои ҷавобгар бо ӯ таѓйир ёфта, якдигарфаҳмӣ аз байнашон рафтаааст. Дар давоми зиндагони ҷавобгар бо ҳар баҳона бо ӯ ҷангу ҷанҷол менамудааст. Муддати ду сол мешудааст, ки ҷавобгар бо дигар шахс оила барпо намуда, дар алоҳидаги зиндагони менамудааст ва байнашон ягон баҳси молу мулки вуҷуд надоштааст. Ӯ низ дар оянда мехостааст, ки баъди бекор кардани ақди никоҳаш бо дигар мард оила барпо намояд, бинобар ин зарурият ба миён омадааст, ки бо даъво ба суд муроҷиат намояд.

Аз суд хоҳиш намудаст, ки ақди никоҳи ӯ ва ҷавобгар Шероромов Фирдавс Асатуллоевич, ки санаи 02 июли соли 2020 дар Ҷамоати деҳоти  «Россия»-и ноҳияи Рӯдакӣ таҳти №141 расман ба қайд гирифта шудааст,  бе додани муҳлат барои оштишавӣ, бекор карда шавад.

Даъвогар  Ҷумаева Завқина Ачиловна дар мурофиаи судӣ талаботи дар аризаи даъвогӣ пешниҳоднамударо дастгирӣ намуда, ба монанди он ҳаммазмун баёнот дода, илова намуд, ки сабаби асосии оилавайрониашон дар он будааст, ки ҷавобгар гапҳои байни зану шавҳариашонро ба падараш гуфтааст ва падари ҷавобгар ӯро ҷанҷол карда, дар ин замина муносибатҳои оилавиашон вайрон шудааст ва ӯ фарзандашро дар хонаи волидонаш таваллуд карда, ҷавобгар бошад то айни ҳол аз аҳволи фарзандаш ягон маротиба хабар нагирифта, ҳатто ӯро бо шаҳодатномаи таваллуд таъмин накардааст. Молу мулки шахсиаш то айни ҳол дар хонаи ҷавобгар қарор дошта, аммо онҳо хоҳиши идома додани зиндагониро бо ҳам надоштаанд. Аз суд хоҳиш намуд, ки даъво дар асоси қонун барраси карда шавад.

Ҷавобгар Шероромов Фирдавс Асатуллоевич дар мурофиаи судӣ аризаи даъвогиро дастгири намуда, чунин баёнот дод, ки дар ҳақиқат бо даъвогар соли 2020 оила барпо намуда, баъдан аз сабаби вайрон шудани муносибатҳои оилавиашон аз ҳамдигар ҷудо шуда, аз ҳамон лаҳза ҷудо зиндагони доштаанд. Дар ҳақиқат то айни ҳол даъвогар молу мулкашро набурдааст ва аз сабаби он, ки аз кадоме шунидааст, ки даъвогар хоҳиш надоштааст, ки фарзандашро хабаргири равад, ӯ то айни ҳол ягон маротиба фарзандашро хабар нагирифта, бо шаҳодатномаи таваллуд таъмин накарда, дар таъминоташ низ иштирок накардааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки даъво қонеъ карда шавад, баъдан масъалаи таъминот ва бо ҳуҷҷати расми таъмин намудани фарзандашонро бо даъвогар ҳал менамудаанд.

Бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 30 марти соли 2023 даъвои Ҷумаева Завқина Ачиловна бо ҷавобгарии Шероромов Фирдавс Асатуллоевич дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, рад карда шуд.

Дар асоси талаботи сархати 2 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 02 августи соли 2011 таҳти №762, падару модар уҳдадоранд, ки фарзандро пас аз таваллудаш дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, гузаронанд.

Дар рафти мурофиаи судӣ ва маводҳои парвандаи оилавӣ суд муайян намуд, ки тарафҳо баъди бунёди оила гарчанде соҳиби як нафар фарзанд бо ному насаби Ҷумаев Абдулло Ачилович, 28 майи 2021 соли таваллудаш гардида бошанд ҳам, ҷавобгар Шероромов Ф.А. аз лаҳзаи таваллудаш то айни ҳол нисбати фарзанди хурдсолаш умуман ѓамхорӣ изҳор накарда, дар таъминоташ иштирок надошта, баҳри ӯро бо шаҳодатнома дар бораи таваллуд таъмин карданаш бепарвоӣ зоҳир намудааст, ки дар натиҷа кӯдак то айни ҳол шаҳодатнома дар бораи таваллудро доро намебошад.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 231-и Кодекси мурофивии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои вайронкунии қонун суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул намояд ва онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо ӯҳдадоранд дар муҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд.

Дар асоси моддаҳои 229, 230, 231 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд,

                                                                        Т А Ъ И Н  К А Р Д:

 Диққати прокурори ноҳияи Рӯдакӣ, дар хусусӣ вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҷониби ҷавобгар Шероромов Фирдавс Асатуллоевич, бо парвандаи оилавӣ бо даъвои Ҷумаева Завқина Ачиловна бо ҷавобгарии Шероромов Фирдавс Асатуллоевич дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, барои чорачӯи ҷалб карда шавад.

Оиди чораҳои андешидашуда дар муҳлати як моҳ, ба суди ноҳияи Рӯдакӣ ба таври хатти хабар дода шавад.

 

РАИСИКУНАНДА                                                                                                  САФАРЗОДА  Д.А.