ТАЪМИНИ АДОЛАТИ СУДӢ — МАРОМИ МОСТ

          Дар раванди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташакулли маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон омили муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар кишвари азизамон барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амали шуда истодааст. Масъалаи дигари муҳим, ки дар нимзоми ҳуқуқии кишвар нақши зиёд дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти ҳокимияти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

            Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳлили ҳамаҷонибаи самту соҳаҳои гуногун ба масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқ, адолати судӣ, таъмини волоият ва риояи қонунҳо таваҷҷуҳ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр карданд, ки «қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад»

Бояд гуфт, ки таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолият судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ содиравшии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.  Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо низ аз ҷумла корҳои муҳим мебошад ва бояд дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устуворӣ иқтисодии кишвармонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём пешниҳод намуданд, ки бахшида ба ҷашни 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ дар партави эълон шудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва ҷиҳати иҷрои супоришҳои Сарвари давлат нақша чорабиниҳои таҳрезӣ намуда, тибқи он дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таҳсилоти миёна, корхонаҳо ва бо сокинони маҳаллаҳо баргузории вохӯриҳои судмандро ба роҳ монданд.

Чанде пеш дар Ҷамоати шаҳраки Сомониён намояндагони Суди ноҳияи Рӯдакӣ бо раисони маҳаллаҳо, ходимони дин ва фаъолони ҷамоат суҳбату вохӯри анҷом дода, дар рафти он нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлатро ба иштирокдорон шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамзамон, дар вохӯрӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонунҳои миллии мамлакат «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд сухан рафт.

Бо чунин мақсаду мааром судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ноҳияи Рӯдакӣ ҳамарӯза саъю кӯшиш намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон талош меварзанд. Тибқи нақшаи суди ноҳия дар давоми сол баррасии парвандаҳои ҷиноят, оилавӣ, маданӣ ва маъмурӣ дар маҷлисҳои сайёри судӣ, яъне дар маҳаллаҳо гузаронида, бо ин роҳ дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, кам гардидани баҳсҳои оилавию маданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ саҳм хоҳад гузошт.

 

         Файзулло МИРЗОЗОДА

         Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ