ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ҲАЛЛИ БУҲРОНҲОИ ҶАҲОНӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2024 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба вазъи минтақа ва ҷаҳон чунин ибрози назар карданд: «Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳрони сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. Гузашта аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйирёбии иқлим қарор дорад».
Дар ҳақиқат, солҳои охир вазъи ҷаҳон ниҳоят мураккабу ҳассос гардида, ҷомеаи ҷаҳониро вусъатёбии хавфу хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла, мусаллаҳшавии бошитоб, низоъҳои мусаллаҳона, терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим, ба монан ди гармшавии шадид, обхезӣ, хушксолӣ ва камобӣ сахт ба ташвиш овардааст.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу тадбирҳои худро ҷиҳати ҳалли мушкилоти обу иқлим, муқовимат бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои мубрам равона карда истодааст.
Тайи даҳсолаҳои охир панҷ ташаббуси кишвари мо, аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гаштани соли 2003, «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим тавассути Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Инчунин, аз тарафи СММ эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» обруву нуфузи кишвари моро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт.
Тоҷикистон дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шаҳри Душанбе се Конфронси байналмилалиро дар соҳаи об доир намуд. Кишвари мо имсол дар ҳамкорӣ бо СММ мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад.
Дар баробари ҳамаи ин ташаббусҳо, Тоҷикистон тадбирҳои худро ҷиҳати мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ равона карда истодааст. Вобаста ба ин, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар созмону кишварҳо чор конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзуъҳои «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» (3-4 майи соли 2018), «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумлагардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» (16-17 майи 2019), «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» (18- 19 октябри 2022) ва «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ-марҳалаи Қувайти Раванди Душанбе» баргузор намуд.
Санаи 24-уми сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои 79-уми Маҷмаи умумии СММ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки: «Имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле ҳассосу мураккаб қарор дорад. Равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани «ҷанги сард», низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт».
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки барои ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра, тавассути қатъномаи махсуси СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2002 Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро роҳандозӣ намудааст. Роҳбари давлат иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад. Бо ин мақсад, Тоҷикистон аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамояд.
Ҳамин тариқ, дар Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилии ҷумҳурӣ баён гардида, дастовардҳо, мавқеъ ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати мо, муайян шуданд. Айни замон, кишвари мо бо сайю кӯшишҳои Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардидааст. Бо ташаббусҳои Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти обу иқлим, таҳкими сулҳу субот, мавқеи кишвари мо ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар дар минтақа ва ҷаҳон тақвият ёфта, шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мактаби Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ дар ҷаҳон хело бузург аст.
Ҳотам НАЗАР,
Раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 