ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

“Рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад”.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони имрӯза, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, ин суръатёбии раванди радикализм, экстремизм ва терроризм маҳсуб меёбад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон доман паҳн намуда, хатари бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро барои давлатҳои ҷаҳон эҷод менамояд.
Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва маблағгузории онҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои махсус дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мушоҳида мегардад.
Падидаи номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми навбатиашон, санаи 28-уми декабри соли ҷорӣ қайд карданд, ки: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст”.
Маврид ба зикр аст, ки мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳм мегузорад.
Дар ҳақиқат, терроризм тули даҳсолаи охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Айни замон амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, доираи фаъолияти онҳо хеле васеъ гардидааст.
Ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу восита ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист.
Ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ(глобализатсия) олами моро тағйир дода, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто тамоман аз байн мебарад.
Бо дарназардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, таҳиягарони ақидаҳои ифротӣ кушиш мекунанд, ки ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода баранд.
Гурӯҳҳои экстремистӣ барои ба гумроҳӣ бурдан ва бовар кунонидани ҷавонон ба ғояву андешаҳои ғаразноки худ аз дини Ислом ва мазҳаб истифода бурда, оятҳои Қуръонро нодуруст ва ба манфиати худ шарҳ медиҳанд.
Зоҳиран ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ барои дини Ислом “хидмат мекунанд”, аммо дар асл онҳо душманони Ислом ва мардуми мусулмонанд.
Роҳи дигари аз ҳама зуд паҳн шудани ақидаҳои ифротӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, яъне интернет мебошад. Чунки ҷавонони ноогоҳ, аз надонистани мақсаду мароми гурӯҳҳои иртиҷоӣ фирефтаи суханҳо ва ақидаҳои пучи онҳо шуда, ба доми онҳо гирифтор мешаванд.
Бинобар ин, ба муқобили ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони имрӯза, ки барои ҷомеа ва мардуми мо бегона мебошад, мубориза бурда, барои пешгирӣ кардани ин хатар миёни наврасону ҷавонон чораҳои мушаххаси тарбиявӣ андешидан зарур аст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём аз ҷавонон ҳамчун қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол буданашон ёд оварда гуфтанд, ки “Ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”.
Бояд гуфт, ки Истиқлол, Ваҳдат ва Сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Таҷриба собит намудааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат ва сулҳ чӣ қадар душвор аст ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт дастоварди нодир маҳсуб меёбанд.
Раванди ҷаҳонишавӣ ҳам ҷиҳати мусбӣ ва ҳам ҷиҳати манфӣ дорад, мо бояд ҷиҳатҳои мусбии онро аз худ кунем, муттаҳид бошемва манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем.
ҲОТАМ НАЗАР,
Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ
Суди ноҳияи Рӯдакӣ 