Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ

Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ ва кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодир милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлолият талош намояд.
Эмомалӣ Раҳмон

Бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зиндагии мардум куллан тағйир ёфт. Сатҳи шуурнокии ҷавононе, ки зери сояи дарахти сулҳ ба воя расидаанд, нисбат ба ҷавонони давраи ҷанг фарқ мекунанд. Ваҳдат халқи парешонгаштаро ба ҳам овард. Акнун мардум сарҷамъ гашта, давлати худро обод месозанд. Тоҷикистон баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ бо тамоми давлатҳои ҷаҳон робитаи сиёсию иқтисодиашро ба роҳ монд.

Ваҳдат ба мисли дарахти мевадорест, ки мардум аз чашидани мевааш дарк мекунанд, ки он ба осонӣ ба даст наомадаааст. Маҳз ваҳдат аст, ки мо озодона зиндагию кору фаъолият мекунем. Дар интихоби касбу ҳунаромӯзӣ озод ҳастем. Мо — ҷавонон шукри ин неъмати бебаҳо ва доди Худованд мекунем, ки Ваҳдати миллиро ба мо насиб гардонидааст.

Дар ин давра чандин нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург ва иншоотҳои гуногуни стратегӣ бунёд гардид. Инчунин сатҳи рӯзгори мардум ҳам рӯ ба беҳбудӣ овард. Мо — ҷавонон бояд барои пос доштани Ваҳдати миллӣ ва марзу буми кишвари азизамон саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки ин дарахт хушку бебаҳра гардад.

Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи тӯёнаи Ваҳдат,
Бин
ӯшед аз шароби тозаи паймонаи Ваҳдат.
Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солор
ӣ,
Ки ҳар як хонаи то
ҷик гардад хонаи Ваҳдат.

 

Судяи cуди ноҳияи Рўдакӣ

Асрорӣ Ифтихор Қурбон