ВАЙРОНИИ ОИЛА АЗ БЕМАСЪУЛИЯТИСТ

Оила дар давлатҳои демокративу ҳуқуқбунёд дар асоси муносибатҳои баробари марду занон барпо мегардад. Тибқи санадҳои меъёри байналхалқидошта дар оила принсипҳои баробарҳуқуқӣ, баробармасъулиятӣ, баробаримкониятӣ бояд амал намояд. Аз рӯи мушоҳидаҳо ва маълумоти оморӣ аксаран дар оила сарфи назаргардии ҳамин омилҳо боиси вайроншавии муносибатҳои оилавӣ ва дар охир ба бекоршавии ақди никоҳ боис мегардад.

Дар мамлакати мо оиди оила дар моддаи 33 (боби2) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «…Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.»

Ҳар як марду зани болиғе, ки мақсади бунёди оиларо доранд зарур аст, ки нисбати ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ маълумот дошта бошанд. Зеро огоҳӣ доштан аз қонун ҳисси масъулиятро ба вуҷуд меорад. Ба истилоҳи дигар оила пеш аз ҳама масъулиятнокист. Дарки ҳамиин масъулият водор месозад, ки зану мард оиди тақдири фарзандон андешанд. Ояндаи кӯдакон бошад дар оилаи мустаҳкам таҳкурсии нек мегирад.

 

Зиёзода Ҳокимбек Азизбек,
судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ