ВОХӮРИИ НАВБАТӢ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ МИРЗО ТУРСУНЗОДАИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Рӯзи 06 феврали соли 2026 судяи суди ноҳия Зиёзода Ҳ.А., котиби маҷлиси судии суди ноҳия Оймаҳмадов С. ва раиси Ҷамоати шаҳраки М.Тусунзодаи ноҳия Алиев А.А. бо сокинон ва фаъолони ҷамоат вохӯрӣ анҷом доданд. Дар вохӯрӣ муҳтавои Паёми Пешвои миллат, масъалаҳои муҳими рӯз, роҳ надодан ба пӯшидани либоси бегона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, пешгирӣ аз напайвастани сокинон, алалхусус ҷавонон ба ҳаргуна равияву ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, интихоби касб, тарғиби фарҳанги миллӣ, баланд ба роҳ мондани раванди таҳсил ва ғайра мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифтанд.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 