ВОХӮРИИ НАВБАТӢ ВОБАСТА БА МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР
Рӯзи 04 феврали соли 2026 дар асоси нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ гуруҳи корӣ дар якҷоягӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳия бо усули “Мактаб ба мактаб” бо хонандагон, омӯзгорон ва маъмурияти Гимназияи русӣ-тоҷикии ба номи А.С.Пушкин вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Муминзода Исмоил, судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Содиқзода Сайёд, муовини раёсати маориф Қодирзода Баҳриддин, сардори раёсати тарбияи ватандӯстии дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Нусратулло, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Маҳмудзода Орзубек иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ муҳтавои Паёми Пешвои миллат, масъалаҳои муҳими рӯз, роҳ надодан ба пӯшидани либоси бегона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, интихоби касб, тарғиби фарҳанги миллӣ, “Шоҳнома”-хонӣ, баланд ба роҳ мондани раванди таҳсил, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ғайра мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия идома доранд.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 