ВОХӮРИИ НАВБАТИИ СУДЯҲО БО СОКИНОНИ НОҲИЯ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРГУЛПЕППАИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Имрӯз дар бинои Ҷамоати деҳоти Чоргулпеппаи ноҳия вохӯрии навбатӣ бо иштироки муовини раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ Муминзода Исмоил, судяҳо Турсунзода Шаҳло, Зиёзода Ҳокимбек, Иброҳимзода Баҳодур, инчунин Раиси Ҷамоат ва сокинони ҳудуди Ҷамоат баргузор гардид.
Муовини Раиси суд Муминзода Исмоил доир ба амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026- 2030), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026 таҳти №1145 тасдиқ гардидааст», судя Зиёзода Ҳокимбек оиди сабаб ва омилҳои пошхӯрии оилаҳо, судяҳо Турсунзода Шаҳло ва Иброҳимзода Баҳодур оиди шарҳу тавзеҳи моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, ба суолҳои сокинон ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 