Вохӯрии Роҳбарият ва судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ бо сокинон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”

         Дар вохӯри Муовини якуми Раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Нурулозода Шаъмигул Сайвалӣ  оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», риояи Қонунҳои миллӣ аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025),-

       Ёрдамчии раиси суд Достизода Сулаймон Абдулҳамид дар мавзуъи хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, эктремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва психотропӣ, савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб баромад намуда, дар охир ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.