ВОЛИДАЙН БЕПАРВО НАБОШАНД

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иборат аз 6 боб ва 17 модда мебошад ба раванди таълиму тарбияи насли наврас нигаронида шудааст, яке аз намунаи олитарини ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Азбаски насли навраси имрӯза ҷавонон фардои ҷомеаи моро ташкил медиҳанд онҳоро зарур аст, ки чун шахсони бомаърифат ба воя расанд. Дар ин ҷода ҳар як падару модар бояд масъулияти худро дарк сохта барои хонишу омӯзипш фарзандони худ тамоми шароитҳои заруриро фароҳам оваранд.
Дар ҷараёни кор бо баъзе волидайн вомехӯрем, ки нисбати ояндаи фарзанди худ бепарвоянд. Аз ин сабаб кӯдакони онҳо ба беҳудагардӣ одат карда аз таълим дур мемонанд. Зарур аст, ки волидайн оиди қонуни номбаршуда маълумот дошта бошанд, он гоҳ нисбати таълиму тарбияи фарзандашон саҳлангор намешаванд.

Дилороми Раҳмоналӣ,
Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ