ЗАН ТАРОВАТУ БАҲОРИ ҲАЁТ

ЗАН ТАРОВАТУ БАҲОРИ ҲАЁТ

 

Зан таровату баҳори ҳаёт аст. Агар гӯем, ки оғози барору кушоишҳои корамон дар давоми сол ба ҳамин ҷашни зебо, ҷашни муҳаббату асолат, иди садоқату вафодорӣ, иди ҷасорату шуҷоати занону бонувон вобаста мебошад, хато нахоҳем кард.

Бо шарофат ва ҳидояти Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занон дар ҷомеаи мо дар мақоми баланду муқаддас аст ва ин манзалат сол аз сол волоияти хешро собит менамояд.

Воқеан ҳам, зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Бо дарназардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонид.

Яке аз иқдомҳои некбинонаи Пешвои муаззами миллат ҳанӯз дар саргаҳи соҳибистиқлолии мамлакат таъсиси квотаи президентӣ барои духтарон буд, ки тавассути роҳандозии ин тадбир ҳазорҳо нафар бонувону хоҳарони мо соҳиби маълумоти оливу ҷойи кори мувофиқ гардиданд, ки ин дар беҳбудонии вазъи иҷтимоиёт ва иқтисодиёти онҳо аҳамияти калонро дорост.

Месазад, ки ҳар як зан, духтар аз чунин қадршиносиҳои сарвари кишвар рӯҳбаланд гардад, бо меҳнати ояндасоз дар бунёди ҷомеаи дунявӣ ҳиссаи шоиста гузорад.

 

НИЁЗЗОДА С.Ҷ.

Судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ