Маркази матбуот (Page 2)

Маркази матбуот

Дар ҷомеаи муосир таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз вазифаҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад. Яке аз падидаҳое, ки метавонад ба амнияти иҷтимоӣ, равонӣ ва молу мулки шаҳрвандон таъсири манфӣ расонад, машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва амалҳои ба он монанд мебошад. Сеҳру ҷоду ҳамчун маҷмӯи амалҳо ва даъвоҳои бардурӯғе арзёбӣ мегардад, […]
Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти воқеӣ барои эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ фароҳам омад. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим ва таърихӣ мебошад. Дар солҳои аввали истиқлолият Сарвари давлат бо талошу ташаббусҳои пайгирона тавонист, ки
Дар муддати дарози таърихӣ Наврӯз- ҷашни бузурги аҷдодиамон дар радифи халқу миллатҳои ориёинажод, бахусус тоҷикон борҳо ба муқобилиятҳои мазҳабию аҷнабиёну бадхоҳон рӯ ба рӯ шуда, гирдобу ҳаводис ва таззодҳои мухталифи давру замонҳоро паси сар намуда, расман ба ҷашни байналмиллалӣ мубаддал гардид. Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, решаҳои
Имрӯз дар суди ноҳияи Рӯдакӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардида, дар он судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ширкат варзиданд. Дар оғоз Муовини якуми раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Нурулозода Ш.С. табрикоти Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. вобаста ба ҷашни байналмилалии Наврӯз расонда, дар баробар ин, ҳама кормандони
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Рӯдакӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ”Рӯзи Модар» бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид. Сараввал Раиси суди ноҳия Искандарзода Б.С. ҳамаи бонувону модарони коллективро ба “Рӯзи Модар” табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар фаъолияти кориашон муваффақияту бурдбориҳо орзу намуданд. Зимни сухани табрикотӣ
Модар муқаддастарин ва азизтарин неъмати зиндагии инсон аст. Аз лаҳзаи нахустини ҳастӣ то поёни умр, симои модар дар қалби фарзанд ҳамчун рамзи муҳаббат, садоқат ва покӣ боқӣ мемонад. Ҳеҷ калимае дар ҷаҳон ба мисли вожаи «модар» чунин гарму самимӣ садо намедиҳад. Инсон аввалин нигоҳи пурмеҳр, аввалин сухани ширин ва аввалин навои оромбахшро аз оғӯши модар […]
Бо ибтикори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъи Куҳдоман шоҳроҳи нақлиётии Норак-Душанбе бо мақсади саҳм гузошташ дар сарсабзии диёр тадбирҳои дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарияти Суди Олӣ, судяҳо суди вилоят, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, аз ҷумла судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Санаи 26 феврали соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти Чоргулпеппа вохӯрии навбатӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии кишвар баргузор гардид. Чорабинӣ тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва нақшаи дохилиидоравии Суди ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд. Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи
Қонунгузории маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона шудааст. Яке аз меъёрҳое, ки ба танзими рафторҳои марбут ба машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дахл дорад, моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷавобгарии маъмуриро барои машғул шудан ба фолбинӣ, сеҳру ҷодугарӣ ва
Имрӯз бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Рӯдакӣ шанбегӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни шанбегӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ширкат варзида, гирду атрофи бинои судро тозаю озода намуданд. Қобили қайд аст, ки андешидани чунин тадбирҳо ба ободии бинои маъмурӣ ва баланд